Июл 20, 2020 18:45 Asia/Dushanbe
  • Тақвияти назорат дар марзи байни Тоҷикистон ва Қирғизистон

Навоҳии марзӣ дар маҳдудаи минтақаи Бобоҷон Ғафуров ба шиддат назорат мешавад.

Ба гузориши радиои бурунмарзии  Садои Хуросони  Разавӣ ба нақл аз Порсо ТҶ, Зариф Назирӣ ,раиси минтақаи Бобоҷон Ғафуров гуфт: коҳиши тараддуд ва назорати шадид ба убуру мурурҳо аз апрел оғоз шуда ва бо оғози мавҷи дуввуми шуюи корона ин назоратҳо идома пайдо кардааст. 
 
 Зариф Назирӣ афзуд:дар ду рустои Хастиварз ва Овчи кулча дар нуқтаи сифри марзии Тоҷикистон ва Қирғизистон ва дар17 гузаргоҳи марзии  мавҷуд байни ду кишвар ба манзури пешгирӣ аз тараддуди ғайри муҷози васоили нақлия ва атбоъ, маҳаллҳои шубонарӯз боисти бозрасӣ афзоиш ёфта ва дурбинҳои пешрафта насб шудааст. 
 
 Раиси минтақаи Бобоҷон Ғафуров гуфт: илова бар ин, маҳаллҳои ист ва бозрасӣ дар дар бахшҳое аз бузургроҳи Хуҷанд – Конибодом ҳам эҷод шудааст.