Июл 21, 2020 12:16 Asia/Dushanbe
  • Ҷазби  69 миллоин доллар сармоягузории хориҷӣ бо талоши Амонатбонк

Амонатбонки Тоҷикистон 69.5 миллион доллар сармоягузории хориҷӣ ҷазб кардааст.

Ба гузориши радиои бурунмарзии Садои Хуросон, Сироҷддин Икромӣ- мудири Амонатбонк гуфт: Ҳудуди 14 дарсад аз мизони қарзҳо ба фаъолони бахши саноат пардохт шудааст.

Ӯ афзуд: 24 дарсад аз сабукиҳо ба бахши кишоварзӣ, 27 дарсад ба бахши тиҷорат ва 16 дарсад аз сабукиҳо низ ба афроди ҳақиқӣ пардохт шудааст.

Ба гуфтаи вай,  дар муддати шаш моҳи имсол,  дороиҳои бонк 4 миллиарду 200 миллион сомонӣ ва қарзҳои он ба 3 миллиарду 800 миллион сомонӣ расидааст.