Июл 21, 2020 14:03 Asia/Dushanbe
  • Сафари гардишгарон ба ноҳияи Обигарми Варзоби Тоҷикистон

Раиси ноҳияи Варзоб гуфт: Осоишгоҳи шаҳри Об гарм пазирои гардишгарон аст.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз Спутник, пас аз поёни карантин дар Тоҷикистон, истироҳатгоҳҳо дар минтақаи Варзоб низ фаъолияти худро аз сар гирифтанд ва дар ҳоли ҳозир пазирои боздидкунандаҳо ҳастанд.

Муҳаммадуллоҳ Шерализода- раиси минтақаи Варзоб гуфт: Иқоматгоҳи тафреҳии Оби гарм ҳудуди як моҳ аст, ки фаъолияти худро оғоз кардааст. Шерализода хотирнишон кард: Бо вуҷуди ин ки тахмин зада мешуд, ки ба иллати тӯлонӣ шудани карантини гардишгарӣ ба ин минтақа сафар нахоҳад кард вале пас аз поёни маҳдудиятҳо гардишгарони зиёде аз ин минтақа боздид карданд.

Ӯ афзуд: Бар асоси омор токунун беш аз 2700 шаҳрванд дар осоишгоҳҳо ва марказҳои тафреҳии мухталифи Варзоб карантин шуданд, ки аз ин теъдод 86 нафар аз шаҳрвандони хориҷӣ ҳастанд.

Муҳаммадуллоҳ Шерализода- раиси минтақаи Варзоб гуфт: Моҳи март ҳангоме, ки шаҳрвандони Тоҷикистон ба ин кишвар бозгаштанд, мақомот ба иллати набуди макони кофӣ дар карантин кардани онҳо мушкил доштанд ба ҳамин далел тасмим гирифта шуд то мардумро дар осоишгоҳҳо ва хонаҳои дарраи Варзоб ва Ромит карантин кунанд.