Кумаки 112 миллионевроии Комиссияи Аврупо ба Тоҷикистон барои мубориза бо Ковид - 19
https://parstoday.ir/tg/news/tajikistan-i55705-Кумаки_112_миллионевроии_Комиссияи_Аврупо_ба_Тоҷикистон_барои_мубориза_бо_Ковид_19
Комиссияи Аврупо аз ихтисоси кумаки молии 112 миллионевроӣ ба Тоҷикистон барои мубориза бо Ковид – 19 хабар дод.
(last modified 2025-10-08T05:00:18+00:00 )
Июл 23, 2020 03:29 Asia/Dushanbe
  • Кумаки 112 миллионевроии Комиссияи Аврупо ба Тоҷикистон барои мубориза бо Ковид - 19

Комиссияи Аврупо аз ихтисоси кумаки молии 112 миллионевроӣ ба Тоҷикистон барои мубориза бо Ковид – 19 хабар дод.

Ба гузориши сомонаи Комиссияи Аврупо, ин матлабро Ютта Урпилайнен, масъули равобити байналмилалии Комиссияи Аврупо рӯзи чаҳоршанбе эълом кард ва афзуд, ки ҳадаф аз кумак ба Тоҷикистон ҳимоят аз кадри дармонии ин кишвар, таҷҳизи марокизи дармонӣ ва коҳиши паёмадҳои буҳрони ношӣ аз густариши Ковид - 19 аст.

Вай таъкид кардааст, ки ин кумаки молӣ дар ду марҳала ба Тоҷикистон ихтисос хоҳад ёфт, ки бахши нахусти он ба маблағи 62 миллион евро барои тақвияти низоми беҳдошт ва дармони ин кишвар ҳазина хоҳад шуд.

Ҳамчунин бахши дувуми ин кумаки молӣ ба маблағи 50 миллион евро барои беҳбуди омӯзишҳои пизишкӣ, ислоҳот дар бахши беҳдошт ва дармон ва коҳиши паёмадҳои густариши вируси корона истифода хоҳад шуд.

Қабл аз ин дар таърихи ҳафтуми апрели имсол низ Иттиҳоди Аврупо барои кумак ба Тоҷикистон ба манзури муқобила бо густариши вируси корона 48 миллион доллар ёрии молӣ ихтисос дода буд.