Афзоиши қарзи ширкати “Барқи Тоҷик” ба нерӯгоҳи “Сангтуда -1”
Мизони қарзи ширкати давлатии “Барқи Тоҷик” тайи шаш моҳи нахусти соли ҷорӣ ба нерӯгоҳи барқи обии “Сангтӯда -1” ба 190 миллион сомонӣ расид.
Ба гузориши сомонаи “Авесто”, қарзи ширкати давлатии “Барқи Тоҷик” дар соли 2019 ба нерӯгоҳи барқи обии “Сангтӯда -1” бо афзоиши 245 миллион сомонӣ ба 1 миллиарду 300 миллион сомонӣ расида буд.
Ин нерӯгоҳ тайи шаш моҳи нахусти соли ҷорӣ 1 миллиарду 90 миллион киловатт соат барқ тавлид кард, ки дар муқоиса бо давраи мушобеҳи соли 2019 наздик ба 160 миллион киловатт соат коҳиш ёфтааст.
Мудирияти нерӯгоҳи барқи обии “Сангтӯда -1” далели ин мизон коҳиши тавлиди барқро мушкилоти молии ширкати давлатии “Барқи Тоҷик” эълом кардааст, ки қодир ба пардохти ҳазинаи барқи харидоришуда аз ин нерӯгоҳ нест.
Нерӯгоҳи барқи обии “Сангтуда -1” тарҳи муштараки Русия ва Тоҷикистон аст, ки дар соли 2009 ба баҳрабардорӣ расид.
Русия молики 75 дарсад аз саҳми ин нерӯгоҳ аст, ки 12 дарсад аз барқи нерӯгоҳҳои барқи обии Тоҷикистонро тавлид мекунад.