Июл 26, 2020 12:02 Asia/Dushanbe
  • Пешниҳоди Тоҷикистон барои азсаргирии парвозҳо бо Русия

Вазорати умури хорҷаи Тоҷикистон ба мақомоти Русия пешниҳод кардааст, ки аз рӯзи аввали моҳи август парвози ҳавопаймоҳои мусофирбарии миёни ду кишвар аз сар гирифта шавад.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз сомонаи Азия-Плюс, мақомоти Вазорати умури хориҷаи Тоҷикистон гуфтаанд, ки бо ирсоли ин пешниҳод ба Русия мунтазири тасмими Маскав дар ин замина мебошанд.

Онон таъкид кардаанд, ки дар сурати мусбат будани посухи мақомоти Русия тамомии муқаррароти беҳдоштӣ барои ҷилавгирӣ аз густариш вируси корона риоят хоҳад шуд.

Мақомоти Русия пештар чанд шарт барои барқарории парвозҳои хориҷӣ бо кишварҳои дигар эълом карда буданд аз ҷумла ин ки миёнгини мубтало шудани афрод, 40 нафар ба ҳар 100 ҳазор нафари ҷамъияти он кишвар бошад ва дувум афзоиши мутавассити мубталошудагон ба вируси корона дар шабонарӯз набояд аз як дарсад дар баробари ҷамъияти ин кишварҳо бештар бошад.

Ҳамчунин шаҳрвандони хориҷӣ ҳангоми вуруд ба Русия бояд озмоиши олуда набудан ба вируси коронаро дар се рӯз анҷом диҳанд ва дар сурати мусбат будани натиҷа, ба муддати ду ҳафта карантин хоҳанд шуд.

Дар ҳоли ҳозир Русия ва Тоҷикистон бо парвозҳои чартерӣ шаҳрвандони худро хориҷ мекунанд.

Тоҷикистон бо ин парвозҳо беш аз 6 ҳазор шаҳрванди худро, ки коргарони муҳоҷири бекоршуда дар паи густариши вируси корона ва аъзои хонаводаҳои онон мебошанд, аз Русия ба кишварашон мунтақил кардааст.

 

Барчасп