Июл 30, 2020 12:15 Asia/Dushanbe
  • Боздошти 7 табааи Тоҷикистон ба итиҳоми иқдомҳои терорристӣ дар Русия

7 шаҳрванди тоҷикистонӣ ба иттиҳоми иқдомҳои терорристӣ дар Русия дастгир шуданд.

Ба нақл аз сомонаҳои русӣ маъмурони амниятии шаҳри Санктпетербург дар шимол ва ғарби Русия теъдоде аз шаҳрвандони Тоҷикистонро ,ки мазнун ба эъмоли терорристӣ буданд дастгир карданд.

Ба иддаои ин сомонаҳо яке аз боздоштшудагон Идибнк Комилов аст , ки аз Ӯ ба унвони ҳомии фаоли Созмони терорристии ДИИШ ёд мешавад.

Вай дар паймрасони ТЕлеграм бо ҳамватани худ Муҳаммад Нурматов гуфтугу ва вайро мутақоид карда ,ки барои ширкат дар ҷанг ба Сурия сафар кунад.

Комилов барои хариди билети ҳавопаймо ба мақсади Туркия ба Нурматов маблағи пул пардохт кард ,ки Ӯ аз онҷо ба Сурия сафар кунад.

Ҳамчунин иддао шуда ,ки афроди боздоштшуда қасди анҷоми амалиёти вайронкоронаи терорристӣ дар нуқтаҳои мухталифи Русия доштанд.

Мақомоти Тоҷикистон ҳануз ба ин хабар вокуниш нишон надодаанд.