Эҳдои ду дастгоҳи худрави ҳамли бемор аз суи Туркия ба Тоҷикистон
https://parstoday.ir/tg/news/tajikistan-i55951-Эҳдои_ду_дастгоҳи_худрави_ҳамли_бемор_аз_суи_Туркия_ба_Тоҷикистон
Туркия ду дастгоҳ худрави ҳамлу нақли бемор ( ёрии таъҷилӣ ) ба Вазорати тандурустии Тоҷикистон эҳдо кард.
(last modified 2025-10-08T05:00:18+00:00 )
Июл 30, 2020 08:12 Asia/Dushanbe
  • Эҳдои ду дастгоҳи худрави ҳамли бемор аз суи Туркия ба Тоҷикистон

Туркия ду дастгоҳ худрави ҳамлу нақли бемор ( ёрии таъҷилӣ ) ба Вазорати тандурустии Тоҷикистон эҳдо кард.

Ба гузориши радиои бурунмарзии Садои Хуросон , намояндагии Ожонси ҳамкорӣ ва тавсиаи байналмилаллии Туркия  (TIKA ) дар Тоҷикистон дар маросими таҳвили ин теъдод худрав Ҷамолиддин Абдулозода , вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон , Ториқ Майитӣ ҳамоҳангкунандаи барномаи TIKA дар Тоҷикистон ва масулони маҳаллӣ ҳузур доштанд.

Ҷамолиддин Абдулозода дар ин маросим гуфт ; кумаки намояндагии Ожонси ҳамкорӣ ва ҳамоҳангии Туркия дар Тоҷикистон истимрори ҳамкории судманди дуҷониба байни ду кишвари дӯст аст.