Барканории ҳудуди 100 корманди гумруки Тоҷикистон
https://parstoday.ir/tg/news/tajikistan-i55968
Ҳудуди сад корманди гумруки Тоҷикистон аз масъулиятҳои худ барканор шуданд.
(last modified 2025-01-16T07:54:01+00:00 )
Июл 30, 2020 22:00 Asia/Dushanbe
  • Барканории ҳудуди 100 корманди гумруки Тоҷикистон

Ҳудуди сад корманди гумруки Тоҷикистон аз масъулиятҳои худ барканор шуданд.

Ба нақл аз Спутник, Хуршед Каримзода, раиси Хадамоти гумруки Тоҷикистон гуфт: Дар 6 моҳи аввали имсол, 118 корманд дар радаҳои мухталифи гумруки Тоҷикистон, ба иллати тахаллуфоти мухталиф, аз масъулиятҳои худ барканор ва 36 корманд ҳам ихроҷ шуданд.

Каримзода афзуд: Аз довталаби истихдом дар бахшҳои мухталифи гумрук, озмунҳои тахассусии дониш ва маҳорат гирифта мешавад ва ҳеҷ фарде наметавонад бидуни гузарондани озмун дар гумрук шурӯъ ба кор кунад.