Июл 31, 2020 19:36 Asia/Dushanbe
  • Корона ва афзоиши 35 дарсадии қарзи молиётӣ дар Тоҷикистон

Раиси Кумитаи давлатии андози Тоҷикистон аз афзоиши 35 дарсадии қарзи молиётӣ (андоз) дар ин кишвар дар шаш моҳи нахусти имсол хабар дод.

Ба гузориши “Спутник”, Нусратуллоҳ Давлатзода эълом кард, ки қарзи молиётӣ дар Тоҷикистон дар шаш моҳи нахусти имсол бо 35 дарсад афзоиш ба як миллиарду 997 миллиону 745 ҳазор сомонӣ расидааст.

Вай далели афзоиши 417 миллиону 360 ҳазор сомонӣ қарзи молиётӣ тайи шаш моҳи нахусти имсолро густариши вируси корона ва таътилии марокизи санъатӣ ва тиҷории Тоҷикистон унвон кардааст.

Ба гуфтаи Давлатзода, бахши умдаи қарзи молиётӣ дар Тоҷикистон ба фаъолияти бахши хусусӣ бармегардад.

Аммо хабаргузории “Спутник” суханони раиси Кумитаи давлатии молиёти Тоҷикистонро дар мавриди бештар будани саҳми бахши хусусӣ дар қарзи молиётӣ зери суол бурда ва таъкид кардааст, ки бар асоси гузориши Ожонси давлатии омори Тоҷикистон, аксар қарзи молиётӣ дар ин кишвар корхонаҳо ва марокизи давлатӣ мебошанд.

Азҷумла, ба навиштаи “Спутник”, қарзи молиётии нерӯгоҳи обии “Роғун” 120 миллиону 565 ҳазор сомонӣ, нерӯгоҳи барқи обии “Сангтуда-1” 71 миллиону 813 ҳазор сомонӣ, ширкати “Тоҷиктелеком” 64 миллиону 269 ҳазор сомонӣ, Ожонси давлатии назорат бар заминҳо 53 миллиону 809 ҳазор сомонӣ ва корхонаи алюминийи Тоҷикистон 24 миллиону 612 ҳазор сомониро ташкил мекунад, ки ҳамагӣ давлатӣ ҳастанд.