Август 03, 2020 17:29 Asia/Dushanbe
  • Содироти 78 ҳазор тонна сабзавот аз Тоҷикистон

Дар шаш моҳи аввали имсол 78 ҳазор тонна сабзавот аз Тоҷикистон ба кишварҳои мухталиф содир шуд.

Ба гузориши радиои бурунмарзии Садои Хуросон, раҳбари агентии содироти Тоҷикистон Шавкат Бобозода гуфт: "Дар ин муддат тақрибан 8,400 тонна мева аз Тоҷикистон содир карда шуд".

Роҳбари Агентии содироти Тоҷикистон илова намуд, ки ҳаҷми содирот имсол нисбат ба соли гузашта 15% афзоиш ёфтааст.

Ӯ ҳамчунин гуфт: "Аз 1 июл ба Тоҷикистон қариб 98 ҳазор тонна маҳсулоти кишоварзӣ содир карда шудааст, ки ин нисбат ба соли гузашта 24,5 ҳазор тонна зиёд аст. Роҳбари агентии содироти Тоҷикистон хотирнишон кард: Пас аз тавофуқ бо ширкати    СК-Продукт дар Маскав, 140 тонна зардолу аз  Данғра ва Ҳисор ба Русия содир шуд.

Шавкат Бобозода илова кард: "Ғайр аз ин, ширкати озуқавории Бохтар 60 тонна тарбуз ба Русия ва Литва содир кардааст."

Ба гуфтаи раиси Оҷонси содироти Тоҷикистон, дар нимсолаи аввали соли 2020 арзиши содироти маҳсулоти Тоҷикистон 654,4 миллион долларро ташкил додааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 83,6 миллион доллар бештар аст.