Фориғуттаҳсил шудани теъдоде аз донишҷӯёни Донишгоҳи славянии Русия ва Тоҷикистон
(last modified Fri, 07 Aug 2020 11:31:07 GMT )
Август 07, 2020 16:31 Asia/Dushanbe
  • Фориғуттаҳсил шудани теъдоде аз донишҷӯёни Донишгоҳи славянии Русия ва Тоҷикистон

Теъдоде аз донишҷӯёни мақтаи коршиносии Донишгоҳи славянии Русия ва Тоҷикистон фориғуттаҳсил шуданд.

Ба гузориши вебгоҳи Донишгоҳи Русия ва Тоҷикистон, дар ин маросим профессор Тоҳир Абдуллоҳ Хоҷазода, раиси донишгоҳ, теъдоде аз асотид ва бастагони донишҷӯён ҳузур доштанд.

Раиси донишгоҳ дар ин маросим зимни орзӯи муваффақият барои фориғуттаҳсилон гуфт, таҳсилот сабаби боло рафтани тафаккур, тааққул ва мантиқи афрод мешавад ва онҳо ҳам бояд бо тафаккурҳои дуруст зиндагиро интихоб кунанд.

Ӯ хитоб ба ҷавонон гуфт, шумо бо таҳсилоте, ки доред, метавонед бо интихоби дурусти масири зиндагӣ барои ҷомеа судманд бошед.

Дар поёни маросим гувоҳиномаи поёндавра ба фориғуттаҳсилон дода шуд.