Тими футболи Бохтари Хатлон барандаи давраи аввали лигаи футболи бонувони Тоҷикистон
https://parstoday.ir/tg/news/tajikistan-i56218-Тими_футболи_Бохтари_Хатлон_барандаи_давраи_аввали_лигаи_футболи_бонувони_Тоҷикистон
Тими футболи Бохтари Хатлон барандаи давраи аввали лигаи футболи бонувони Тоҷикистон шуд.
(last modified 2025-01-16T07:54:01+00:00 )
Август 07, 2020 18:57 Asia/Dushanbe
  • Тими футболи Бохтари Хатлон барандаи давраи аввали лигаи футболи бонувони Тоҷикистон

Тими футболи Бохтари Хатлон барандаи давраи аввали лигаи футболи бонувони Тоҷикистон шуд.

Ба гузориши вебгоҳи федератсиюни футболи Тоҷикистон, дар давраи аввали лига бозикунони тими Бохтар 8 бурдро ба даст оварданд ва 25 имтиёз касб карданд.

Дар ҷойгоҳи баъдии лигаи футболи Тоҷикистон тими Зебо аз минтақаи Дӯстӣ бо 24 имтиёз қарор дорад.

Мадина Фозилова (тими Зебо) ва Лайлӣ Ҳалимова (тими Хатлон) ҳам бо ба самар расонидани 33 гол бартарин голзанони давраи аввали лигаи футболи бонувони Тоҷикистон эълом шуданд.

Давраи дувуми лигаи футболи бонувони Тоҷикистон аз чаҳоршанбеи 12 август оғоз мешавад.