Август 08, 2020 10:11 Asia/Dushanbe
  • Баргузории мусобиқа бо талоши Кумитаи варзиш ва ҷавонони Тоҷикистон

Мусобиқае дар бахшҳои адабиёт, рӯзноманигорӣ, ҳунар, меъморӣ ва барноманависӣ дар Тоҷикистон баргузор мешавад.

Ба гузориши радиои бурунмарзии Садои Хуросон ба нақл аз Кумитаи ҷавонон ва варзиши Тоҷикистон, ин мусобиқа бо ҳадафи ҳимоят ва ташвиқи ҳамаҷониба аз нависандагон, ҳунармандон, бастакорон, коргардонон, меъморон ва бозигарони ҷавон баргузор мешавад.

Алоқамандон метавонанд фардӣ ва ё гурӯҳӣ (ҳадди аксар 4 нафар) дар ин мусобиқа ширкат кунанд.

Синни мутақозиёни ширкат дар мусобиқа набояд бештар аз 30 сол бошад.

Алоқамандон метавонанд саволоти худро дар бораи шароити дигари ширкат дар мусобиқа ба имайли Кумитаи ҷавонон ва варзиши Тоҷикистон ба адреси [email protected] ирсол кунанд.