Август 08, 2020 10:34 Asia/Dushanbe
  • Идомаи мамнуъияти мулоқот бо зиндониён дар Тоҷикистон ба далели шуйюи корона

Мамнуъ шудани мулоқот бо зиндониён дар Тоҷикистон, ки ба далели шуйюи корона иҷро шуда ҳамчунон идома хоҳад ёфт.

Мақомоти Созмони зиндонҳои Тоҷикистон бо таъйиди ин хабар эълом карданд, замони лағви мамнуъияти мулоқоти зиндониён бо бастагони худ ба далели идомаи густариши корона мушаххас нест.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз Сомонаи Азия-Плюс, Мансурҷон Умаров- раиси Созмони зиндонҳои Тоҷикистон гуфт: Бо вуҷуди коҳиши теъдоди мубталоён ба корона дар ин кишвар хатари шуйюи мавҷи дувуми ин беморӣ ҳамчунон вуҷуд дорад, ки ин муҳим, имкони лағви мамнуъияти мулоқоти зиндониён бо бастагонро аз байн мебарад.

Вай таъкид кард, ки аз замони эъломи вуҷуди бемории КОВИД-19 дар Тоҷикистон аз охирҳои марти имсол то кунун 11 зиндонӣ ва се корманди зиндон бар асари бемории корона фавт карданд.

Ӯ афзуд: Зиндониён метавонанд телефонӣ бо хонаводаҳои худ суҳбат кунанд ва маҳдудияте дар ин бора вуҷуд надорад.