Август 09, 2020 07:18 Asia/Dushanbe
  • Интишори китоби муваррихи тоҷик бо мавзуи Ҷанги ҷаҳонии дувум

Муваррихи тоҷик китобе бо мавзуи Ҷанги ҷаҳонии дувум мунташир кард.

Ба гузориши радиои бурунмарзии Садои Хуросон ба нақл аз Спутник, Ғафур Шерматов дар ин китоб аҳамияти ҳузури сарбозон ва афсарони тоҷик дар Ҷанги ҷаҳонии дувумро ба риштаи таҳрир даровардааст.

Ин муваррихи тоҷик гуфт: Гирдоварӣ ва таълифи ин китоб ҳудуди 5 сол тӯл кашид. Ӯ афзуд: Навиштани хотироти ҳамаи афроди тоҷике, ки дар Ҷанги дувуми ҷаҳонӣ ширкат карданд ғайримумкин аст, аммо саъй шуда дар ин китоб аз амалиётҳое, ки тоҷикҳо дар он нақши муассире доштанд ном бурда шавад.

Дар рӯнамоӣ аз ин китоб намояндагони пойгоҳи  201-и Русия мустақар дар Тоҷикистон ва сафири Русия дар Тоҷикистон ҳузур доштанд.