Август 09, 2020 20:19 Asia/Dushanbe
  • Ташкили иттиҳодияи масъулони ширкатҳои минтақаи Суғд

Масъулони ширкатҳои минтақаи Суғд иттиҳодия ташкил доданд.

Ба гузориши радиои бурунмарзии Садои Хуросони Разавӣ ба нақл аз Спутнкик, ҳадафи аслии ташкили иттиҳодия тарвиҷ ва тавсиаи саноат дар ин минтақа аст. 

Раҷаббой Аҳмадзода остондори Суғд дар дидор бо намояндагони ширкатҳои саноатии минтақа гуфт: пуштибонӣ аз корофаринон метавонад нақши муҳиме дар саноатӣ шудани кишвар дошта бошад.

Вай афзуд: ҳамчнин мудирон ва коргарони ширкатҳо метавонанд аз тариқи иттиҳодия мушкилоти худро ба гӯши мақомот бирасонанд.

Дар ин ҷаласа Даврон Аҳмадов ба унвони раиси иттиҳодияи ширкатҳои минтқҷа интихоб шуд.