Бозгардондани 182 шаҳрвандони Тоҷикистон бо парвози вижа аз Қазоқистон
182 шаҳрванди Тоҷикистон бо ҳамкории ширкати ҳавопаймоии Сомон Эйр субҳи имрӯз аз Қазоқистон ба Душанбе мунтақил шуданд.
Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз сомонаи Вазорати хориҷаи Тоҷикистон, ин афрод, ки ба далели густариши вируси корона ва таътилии марокизи санъатӣ ва тиҷорӣ дар Қазоқистон бекор шуда буданд, бо парвози вижаи ширкати ҳавопаймоии Сомон Эйр ба Душанбе мунтақил шуданд.
Панҷуми август низ190 табааи Тоҷикистон аз Қазоқистон бо парвози ширкати ҳавопаймоии Сомон Эйр ба кишваршон бозгашта буданд.
Ҳамчунин бо ҳамкории Созмони ҷаҳонии муҳоҷират, ҳазорон нафар аз коргарони муҳоҷири тоҷик дар Русия, ки дар пайи густариши вируси корона ва таътилии марокизи санъатӣ ва тиҷорӣ бекор шуда ва дар марзи муштараки Русия бо Қазоқистон барои бозгашт ба кишваршон таҷаммӯъ карда буданд, бо автобус ба шаҳри Хуҷанд мунтақил шуданд.
Дар пайи густариши вируси корона ду ширкати Тоҷик Эйр ва Сомон Эйр бо парвозҳои вижа токунун теъдоди зиёде аз атбои Тоҷикистонро аз Русия, Туркия, Олмон, Қазоқистон ва бархе кишварҳои дигар ба ватаншон бозгардондаанд.