Боздошти боз як устоди донишгоҳ дар Тоҷикистон ба иттиҳоми дарёфти ришва
Август 11, 2020 12:42 Asia/Dushanbe
Як устоди донишгоҳ дар Тоҷикистон ба иттиҳоми дарёфти ришва дастгир шуд.
Ба гузориши Садои Хуросон, Ожонси мубориза бо фасоди Тоҷикистон аз боздошти Мунира Неъматова, устоди Донишгоҳи давлатии Хуҷанд хабар дод.
Ин ожонс эълом кард ин устоди донишгоҳ бо ваъдаи пазириши ғайриқонунии ҷавонон дар донишгоҳ, аз онҳо пул дарёфт мекард.
Ба гуфтаи мақомот ин устод фақат аз як ҷавон барои пазириши ғайриқонунӣ дар риштаи пизишкӣ 8 ҳазор доллар дархост карда буд.