Август 12, 2020 07:22 Asia/Dushanbe
  • Давраи омӯзишии роҳҳои муқобила бо корона барои бонувони ноҳияи Ваҳдат

Давраи омӯзишии роҳҳои муқобила бо вируси корона барои бонувони ноҳияи Ваҳдат баргузор шуд.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз Ховар, коршиносони беҳдоштии Кумитаи кор бо занон ва оилаи дастгоҳи иҷроии ноҳияи Ваҳдат дар ин давраи омӯзишӣ занони ноҳияро бо алоими беморӣ ва роҳҳои пешгирӣ аз мубтало шудан ба КОВИД-19 ошно карданд.

Дар ин давра аз аҳолӣ дархост шуд, ки беҳдошти шахсӣ ва умумиро риоят ва аз ниқобак истифода кунанд.

Дар ин давраи омӯзишӣ ҳамчунин бар ҳифзи фосилаи иҷтимоӣ дар маконҳои умумӣ таъкид шуд.