Август 12, 2020 15:32 Asia/Dushanbe
  • Интишори хотироти гардишгари аврупоӣ аз сафар ба Тоҷикистон дар нашрияи Financial Times

Гардишгари аврупоӣ хотироти худ аз сафар ба Тоҷикистонро дар нашрияи Financial Times мунташир кард.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз манобеи хабарии Осиёи Марказӣ, хотироти Софӣ Робертз бо унвони «Кош ҳануз онҷо будам: Дар Тоҷикистони бикру ношинохта» дар нашрияи Financial Times чоп шуд.

Софӣ Робертз бо талоши мақомоти Кумитаи рушди гардишгарии Тоҷикистон дар қолаби тарҳи рушди иқтисоди деҳот дар декабри 2019 ба Тоҷикистон сафар кард.

Вай дар хотироти худ аз сафар ба вилоятҳо ва минтақаҳои Бадахшон ва Бохтар ва боздид аз асари ҷаҳонии "Аҷинатеппа" дар Қурғонтеппа ёд кардааст.

Хонум Робертз, ки дар идомаи сафари худ аз масири ҷодаи Абрешим аз мактаби Хоҷаи Машҳад ҳам дидан карда дар тавсифи мактаб навиштааст, ки тарҳи бино мутаносиб бо мақбара кучак аст ва чароғҳои гунбаз ба оҷурҳои қадимии девори дохили мактаби Хоҷаи Машҳад ҷилои хос додааст.

Вай дар идомаи хотироти худ таъкид кардааст, ки давлати Тоҷикистон қасд дорад аз соли 2022 ҳудуди панҷ дарсад аз буҷети кишварро ба тавсеаи гардишгарӣ ихтисос диҳад.