Август 15, 2020 17:33 Asia/Dushanbe
  • Таҳвили таҷҳизоти саршумории ҷамъият ба Тоҷикистон

Таҷҳизоти саршуморӣ ба Идораи омори Тоҷикистон таҳвил дода шуд.

Ба гузориши радиои бурунмарзии Садои Хуросон ба нақл аз Азия-Плюс, ин таҷҳизотро, ки шомили 420 дастгоҳи сабти шумора,100  дастгоҳ кампютери қобили ҳамл ва 80 принтер аст Русия ва Фонди ҷамъияти Созмони Миллали Муттаҳид ба Тоҷикистон таҳвил дод.

Барои аввалин бор аст, ки дар Тоҷикистон , саршумории ҷамъият бо истифода аз технологиҳои диҷитал иҷро мешавад.

Саршумории Тоҷикистон нимаи аввали октябр оғоз хоҳад шуд.

Мутобиқи оморҳои расмӣ соли гузашта нархи рушди ҷамъияти Тоҷикистон ​​2.1 дарсад буд.