Август 15, 2020 17:52 Asia/Dushanbe
  • Вогузории саҳоми ширкати Тоҷик Азут ба бахши хусусӣ

Ширкати Тоҷик Азут ба думболи сармоягузор аст.

Ба гузориши радиои бурунмарзии Садои Хуросон ба нақл аз Вазорати саноати Тоҷикистон, бо ҳадафи боло бурдани зарфияти тавлиди корхонаи Тоҷик Азут давлати Тоҷикистон муҷаввизи арзаи саҳоми ин ширкатро ба бахши хусуси содир кард.

Қарор аст мутобиқи бахшномаи давлати Тоҷикистон 100 дарсади саҳоми ширкати Тоҷик Азут аз тариқи муноқиса ба бахши хусусӣ вогузор шавад.

Ширкати Тоҷик Азут танҳо тавлидкунандаи доруҳои маъдании Тоҷикистон дар шаҳри Леваканди минтақаи Хатлон қарор дорад. Дар августи соли гузашта, Тоҷикистон тавофуқномаи сармоягузорӣ ва роҳандозии воҳиди амунёки корхонаро ки соли 2016 бо ширкати чинӣ имзо шуда буд, бекор кард.

Дар ҳоли ҳозир давлати Тоҷикистон ба думболи сармоягузории мустақим барои шуруъ ба кори дубораи корхона аст.

Ин корхона пас аз навсозӣ зарфияти тавлиди 1 миллиону 600 ҳазор тонна доруи химиёвӣ дорад.