Август 15, 2020 19:17 Asia/Dushanbe
  • Ирсоли паёмаки сарфакорӣ барои муштаракини барқи Тоҷикистон

Ширкати барқи Тоҷикистон барои муштаракини барқ паёмаки сарфакорӣ дар масраф ирсол кард.

Ба гузориши радиои бурунмарзии Садои Хуросон ба нақл аз вебгоҳи Барқи тоҷик, бо коҳиши мизони вурудии об ва коҳиши 17 метрии баландии оби садди Норак Барқи тоҷик мумкин аст  дар Тоҷикистон лимити барқ ҷорӣ кунад.

Дар ин паёмак аз шаҳрвандон хоста шуда то бо ҳамкорӣ ва сарфакорӣ дар масрафи барқ ин маҳдудияти тавлидро мудирият кунанд то дучори қатъи барқ ва хомушӣ нашаванд.

Ин ширкат эълом кард ҳадаф аз сарфакорӣ, захираи барқ барои фаслҳои тирамоҳ ва зимистон аст.