Август 15, 2020 19:47 Asia/Dushanbe
  • Кумаки артиши Русия ба сокинони минтақаҳои камбархурдори Тоҷикистон

Артиши Русия ба сокинони минтақаҳои маҳруми Тоҷикистон кумак кард.

Ба гузориши радиои бурунмарзии Садои Хуросон ба нақл аз Дафтари матбуотии пойгоҳи низомии 201-и Русия, неруҳои пойгоҳи 201-и Русия мустақар дар хоки Тоҷикистон кумакҳои хайрияӣ ба хонаводаҳои камбархурдори Тоҷикистон эҳдо карданд.

Ҳудуди 150 афсари артиши пойгоҳи низомии Русия бозича, пояфзол, маводи ғизоӣ, василаҳои мавриди ниёзи хонагӣ ва маҳсулоти беҳдоштиро байни ниёзмандони минтақаҳои маҳруми Тоҷикистон тавзеъ карданд.

Пойгоҳи низомии 201-и Русия мустақар дар Тоҷикистон бузургтарин таъсисоти низомии Русия дар хориҷ аз марзҳои ин кишвар аст, ин пойгоҳ байни ду шаҳри Душанбе ва Бохтар қарор дорад.

Бар асоси тавофуқномаи имзошудаи ин пойгоҳ то соли 2042 дар Тоҷикистон хоҳад буд.