Барқарории 55 парвози вижа барои хориҷ кардани атбои Тоҷикистон аз Русия
(last modified Sun, 16 Aug 2020 05:02:56 GMT )
Август 16, 2020 10:02 Asia/Dushanbe
  • Барқарории 55 парвози вижа барои хориҷ кардани атбои Тоҷикистон аз Русия

Вазорати умури хориҷаи Тоҷикистон аз барқарории 55 парвози вижа барои хориҷ кардани атбои ин кишвар аз Русия аз 16 то 31 август хабар дод.

 Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз сомонаи Ховар, бо тавофуқи мақомоти ҳамлу нақли Тоҷикистон ва Русия ширкатҳои ҳавопаймои Сомон Эйр ва Тоҷик Эйр аз 16 то 31 августи соли ҷорӣ атбои тоҷикро аз 7 шаҳри Русия ба кишваршон бозмегардонанд. 
 
 Феҳристи коргарони муҳоҷии бекоршудаи тоҷик баро асари шуйюи корона дар Русия ва хонаводаҳои онон барои бозгашт ба кишваршон дар сафорати ин кишвар дар Маскав ва консулгариҳои Тоҷикистон дар соири шаҳрҳои Русия мушаххас шудааст. 
 
 Авлавияти бозгашт бо занон ва кӯдакон, афроди солиманд, беморон ва афроде хоҳад буд, ки барои дармон ва маъмурият ба Русия сафар карданд. 
 
 Тамоми атбоъи тоҷик, ки аз Русия ба кишваршон бозмегарданд, бояд гувоҳии озмоиши манфии Ковид- 19 дошта бошанд.