Афзоиши муҳоҷирати шаҳрвандони Тоҷикистон, ки дар хориҷа кор мекунанд
(last modified Tue, 18 Aug 2020 03:18:41 GMT )
Август 18, 2020 08:18 Asia/Dushanbe
  • Афзоиши муҳоҷирати шаҳрвандони Тоҷикистон, ки дар хориҷа кор мекунанд

Муҳоҷирати шаҳрвандони тоҷик ҷӯёи кор ба хориҷ аз кишвар ҳамчунон афзоиш хоҳад дошт.

Ба гузориши радиои бурунмарзии Садои Хуросон ба нақл аз яке аз манобеи Осиёи марказӣ, акнун 584 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон дар кишварҳои дигар кор мекунанд, бар асоси пешбинии мақомоти Тоҷикистон, дар соли 2023 ҳудуди 637 ҳазор шаҳрванди дигари  Тоҷикстон низ  барои ёфтани шуғл ба кишварҳои дигар сафар хоҳанд кард. 
 
 Мақомоти русӣ теъдоди муҳоҷирони кори тоҷик дар ин кишварро то соли 2023 беш аз 1 миллион нафар пешбинӣи мекунанд. 
 
 Мақомоти рус ҳамчунин тахмин мезананд, ки мизони пулҳои ирсолии коргарони тоҷик ба кишварашон низ ба 2 миллиарду 600 миллион доллар бирасад. 
 
 Айюб Эгамов иқтисоддони тоҷик гуфт: тасаввури иштбоҳӣ дар Тоҷикистон вуҷуд дорад, ки мақомоти давлатӣ бояд шуғл эҷод кунанд ва ба ҳамин далел бисёре интизори чунин иқдомотеро аз тарафи давлат доранд ва ҳатто онро аз мақомот мутолиба мекунанд. 
 
 Ӯ афзуд:дар кишварҳои демократӣ ва пешрафта , давлатҳо шуғл эҷод намекунанд, балки шароити муносиби сармоягузории бахши хусусӣ барои эҷоди шуғлро фароҳам мекунанд. 
 
 Дар ҳоли ҳозир , Русия кишвари асли пазириши муҳоҷирони кории Тоҷикистон аст, бинобарин , бо тазъифи иқтисоди Русия , иқтисоди Тоҷикистон низ осеб хоҳад дид, ба ҳамин далел созмонҳои байналмилалӣ аз мақомоти Тоҷикистон мехоҳанд ба тадриҷ барои нерӯи кори худ дар дохили кишвар иштиғолзоӣ ва ё бо дигар кишварҳо барои пазириши нерӯи кор музокира кунанд. 
 
 Мақомоти Тоҷикистон пештар эълом карданд, ки дар мавриди муҳоҷирати коргарон бо мақомоти қатарӣ тавофуқ карданд , аммо теъдоди муҳоҷирони тоҷик дар ин кишвар андак аст ва судури раводид барои сафар ба Қатар ҳам осон нест. 
 
 Ҳамчунин масъулони тоҷик дар ҳол музокира бо тарафи Кореяи ҷанубӣ барои пазириши нерӯи кор ҳастанд, вале токунун музокирот натиҷа қобили қабулӣ надоштааст. 
 
 Ба гуфтаи Гулру Ҷабборзода, вазири кор,муҳоҷират ва иштиғоли ҷамъияти Тоҷикистон дар шаш моҳаи аввали соли 2020 , беш аз 129 ҳазор атбои тоҷик барои ёфтани шуғл кишварро тарк карданд, ки ин рақам соли гузашта 170 ҳазор нафар буд.