Август 19, 2020 12:46 Asia/Dushanbe
  • Сафари Эмомалӣ Раҳмон ба Бадахшон аз ноҳияи Дарвоз оғоз шуд

Сафари расмии Раиси Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба вилояти Бадахшон бо дидор аз ноҳияи Дарвоз оғоз шуд.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз сомонаи Ховар, Эмомалӣ Раҳмон дар нахустин марҳала аз сафари хеш ба вилояти Бадахшон вориди ноҳияи Дарвоз шуд ва корхонаи коркарди микрокалсити мармарро ифтитоҳ кард. 
 
Ҳамчунин сохтмони ҷадиди додгоҳи ноҳияи Дарвоз ба баҳрабардорӣ расид. 
 
Эмомалӣ Раҳмон дар маросими сохти канали обёрӣ барои кишти 500 гектар заминҳои минтақаи дашти Лучиро оғоз кард. 
 
Раисҷумҳури Тоҷикистон дар идомаи сафараш ба ноҳияи Дарвоз бо афсарон ва сарбозони воҳиди нерӯи заминии артиши миллӣ дар ин минтақа дидор кард. 
 
Вай ҳамчунин дар дидор бо 55 кӯдак бесарпараст дар ин минтақа бо табрики фарорасидани соли таҳсили ҷадид, ба онон либос, ваҷҳи нақд ва навишти афзор эҳдо кард. 
 
 Эмомалӣ Раҳмон дар моҳи сентябри соли 2018 низ ба вилояти Бадахшон сафар карда буд, ки сафари ӯ мӯҷиби барканории шуморе аз мақомоти масъули давлатӣ, амниятӣ ва интизоми ин минтақа шуд.

Барчасп