Август 19, 2020 19:09 Asia/Dushanbe
  • Боздошти ду афсари баландпояи Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон ба иттиҳоми ришваситонӣ

Масъули Идораи тандурустӣ ва дармони неруи марзбонӣ ва муовини фармондеҳи воҳиди марзбонии ноҳияи Панҷ вобаста ба Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон ба иттиҳоми дарёфти ришва боздошт шудаанд.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз сомонаи Азия-Плюс, мақомоти Ожонси давлатии мубориза бо фасоди молии Тоҷикистон эълом кардаанд, ки генерал Ҷиянхон Азизов ва генерал Мирзодавлат Усмонзода аз як зан дар баробари судури корти муофият аз хизмати ҳарбӣ барои сарбози мариз, ки аз бастагонаш мебошад, 40 ҳазор сомонӣ дархост кардаанд.

Ин ду афсар маблағи 32 ҳазор сомониро дарёфт карда ва пас аз шикояти ин зан, ҳангоми пардохти 8 ҳазор сомонии боқимонда ба дасти кормандони Ожонси давлатии мубориза бо фасоди молии Тоҷикистон боздошт шудаанд.

Акнун алайҳи ин ду афсар ба иттиҳоми сӯистифода аз ихтиёроти қонунӣ ва дарёфти ришва парвандаи ҷиноӣ ташкил шудааст.

Ду рӯз қабл низ кормандони Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон генерал Ҷонибек Муҳаммадзода, корманди баландпояи Ожонси давлатии мубориза бо фасоди молии ин кишварро ба иттиҳоми дарёфти ришва ба маблағи калон боздошт карданд.

Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳури Тоҷикистон ҳамвора аз афзоиши мавориди фасоди молӣ ва ришвахорӣ дар ниҳодҳои амниятӣ ва низомии Тоҷикистон интиқод мекунад.