Тоҷикистон бо 800 ҳазор чароғи камсарфаи сӯхта чӣ мекунад?
(last modified Fri, 21 Aug 2020 15:46:01 GMT )
Август 21, 2020 20:46 Asia/Dushanbe
  • Тоҷикистон бо 800 ҳазор чароғи камсарфаи сӯхта чӣ мекунад?

Дар 94 маркази таҳвили чароғҳои камсарфаи сӯхта дар Тоҷикистон 800 ҳазор чароғ ҷамъоварӣ шуда, аммо ба далели набуди таҷҳизот ва мутахассис, бозёфт (истифодаи дубора)-и ин чароғҳо анҷом намешавад.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз сомонаи Азия-Плюс, мақомоти Вазорати саноат ва технологиҳои нави Тоҷикистон мегӯянд, ки бо вуҷуди воридоти таҷҳизоти бозёфти чароғҳои камсарфаи сӯхта, дар кишвар ҳатто як мутахассис барои бозёфти ин чароғҳо вуҷуд надорад ва ба ҷуз анборҳо теъдоди зиёде аз ин чароғҳоро мардум дар маҳалҳои ҷамъоварии партов раҳо мекунанд.

Камолиддин Аҷамӣ- устоди донишгоҳ ва мутахассиси муҳити зист муътақид аст, ки бояд барои бозёфти чароғҳои камсарфаи сӯхта дар Тоҷикистон давраҳои омӯзиши мутахассисон роҳандозӣ шавад ва ба ин манзур метавон аз устодони улуми химия истифода кард.

Аммо ба гуфтаи вай барои ин афрод бояд ҳуқуқи кофӣ пардохт шавад, ки ба ҷои кори сангин дар Русия, дар Тоҷикистон ба бозёфти чароғҳои камсарфаи сӯхта машғул шаванд.

Қурбон Кабудов, коршиноси муҳити зист низ мегӯяд, ки ҳукумати Тоҷикистон бояд ҳамаи масъулони идораҳои давлатӣ дар шаҳрҳо ва навоҳии ин кишварро муваззаф мекард, ки раванди хариди чароғҳои камсарфаи сӯхта аз мардумро роҳандозӣ кунанд.

Вай гуфт: Ба ин манзур мебоист барои ҳар адад аз ин чароғҳои сӯхта 68 дирам ба таҳвилдиҳандагон пардохт мекарданд, ки ба баҳонаи гарон будан, аз ин кор даст кашиданд ва акнун ин чароғҳо дар партовдонҳо раҳо мешаванд, ки ба далели вуҷуди сурб дар таркибашон, хатарҳои зиёде барои муҳити зист эҷод мекунанд.

 

Барчасп