Нигаронии Эмомалӣ Раҳмон аз таҷаммӯи гурӯҳҳои террористӣ дар марзи Тоҷикистон ва Афғонистон
Раиси Ҷумҳурии Тоҷикистон дар поёни сафар ба вилояти Бадахшон аз вазъи мутташанниҷи марзи ин кишвар бо Афғонистон ибрози нигаронӣ кард.
Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз сомонаи Спутник, Эмомалӣ Раҳмон раисҷумҳури Тоҷикистон, ки барои ифтитоҳи тарҳҳои иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ ба вилояти Бадахшон рафта буд, дар дидор бо мақомоти давлатӣ, фаъолон ва намояндагони мардуми ин минтақа дар шаҳри Хоруғ , таҷаммӯи гурӯҳҳои террористӣ дар вилояти Бадахшони Афғонистонро барои кишвараш нигаронкунанда арзёбӣ кард.
Раиси Ҷумҳурии Тоҷикистон гуфтааст, ки аз марзи наздик ба ҳазору 400 километрии муштараки Тоҷикистон бо Афғонистон 910 километр дар қаламрави вилояти Бадахшон воқеъ шудааст ва гурӯҳҳои созмонёфтаи ҷиноӣ, қочоқчиёни маводи мухаддир ва таслиҳот дар ду тарафи марз бо якдигар ҳамкорӣ мекунанд.
Эмомалӣ Раҳмон афзуд: аз ин рӯ ба манзури тақвияти марз бо Афғонистон дар солҳои 2018 то 2020 Тоҷикистон 50 посгоҳи ҷадиди марзбонӣ дар шаҳри Хоруғ, навоҳии Дарвоз ва Ишкошим таъсис кард.
Ба гуфтаи Раиси Ҷумҳурии Тоҷикистон, бар асоси гузориши мақомоти амнияти вилояти Бадахшон дар солҳои 2019 то 2020 аз 208 нафар, ки ба иттиҳомоти мухталиф боздошт шудаанд, 143 тан аъзои гурӯҳҳои созмонёфтаи ҷиноӣ будаанд, ки аз ин теъдод 67 нафар афғонистонӣ ҳастанд.