Зарурати ифтитоҳи биржаи бозори кори Русия дар Тоҷикистон
Коршиноси умури муҳоҷират мӯътақид аст, ки барои беҳбуди вазъи ҳуқуқӣ ва иҷтимоии коргарони муҳоҷири тоҷик ифтитоҳи биржаи бозори кори Русия дар Тоҷикистон зарурӣ аст.
Ба гузориши радиои тоҷикии Садоии Хуросон ба нақл аз сомонаи спутник , Раҳмон Ӯлмасов устоди Донишгоҳи муштараки Русия ва Тоҷикистон гуфт : « мо шоҳиди саргардонии зиёди коргарони муҳоҷири тоҷик дар Русия мебошем, ки бидуни доштани итилоъ аз ниёзи бозори кори ин кишвар ва қавонини кору иқомат, ҳама сола роҳии Русия мешаванд.»
Ба гуфтаи Улмасов , барои танзими ин раванд зарурат дорад, ки дар Тоҷикистон биржаи бозори кори Русия бар асоси ниёзмандиҳои иқтисодии ин кишвар роҳандозӣ шавад ва коргарони ҷавони мутахассиси тоҷик омӯзиш дида ба Русия эъзом шаванд то омодаи фаъолият дар бахшҳои санъат , сохту соз, кишоварзӣ ва тиҷорати Русия бошанд .
Ин коршиноси умури муҳоҷират гуфт : дар ин сурат коргарони тоҷик медонанд, ки дар кадом минтақаи Русия ва бо чӣ ҳирфае метавонанд фаъолият кунанд, аммо дар ҳоли ҳозири аксари коргарони ҷавони тоҷик бидуни огоҳӣ ба Русия сафар мекунанду ба далели надонистани қавонини ҳуқуқии он кишвар , бо мушкилоти иқомат , пардохти маблағи моҳиёнаи муҷаввизи кору дарёфти гувоҳиномаи саломатӣ рӯ ба рӯ мегарданд .