Август 26, 2020 11:03 Asia/Dushanbe
  • Озодии рӯҳонии тоҷик пас аз 8 моҳи боздошт дар Тоҷикистон

Мақомоти қазоии Тоҷикистон як рӯҳонии 35 солаи тоҷики муқими Русияро пас аз 8 моҳи боздошт озод кардаанд.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз сомонаи Топ Ти Ҷи, Хайриддин Абдулло муқими Русия ҳангоми бозгашт ба тоҷикистон дар моҳи декабри соли 2019 дар фурудгоҳи Душанбе боздошт шуд ва 8 моҳ дар бозҷӯӣ буд.

Вай пас аз озодӣ аз боздошт гуфт иттиҳоми эълоншудаи вай ифротигарӣ буд ва ба ин баҳона мақомоти қазоии Тоҷикистон фаъолияти 19 солааш дар Русияро мавриди баррасӣ қарор доданд, аммо бо ҳеҷ мавриди ифротгарӣ рӯ ба рӯ нашуданд ва пас аз 8 моҳи бозҷӯӣ вайро озод карданд.

Хайриддин Абдулло дар Русия бештар ба фаъолиятҳои омӯзишӣ ва маърифатӣ машғул буда ҳамвора талош кардааст, ки бо огоҳсозии коргарони муҳоҷири тоҷик аз аҳдофи гурӯҳҳои ифротӣ ва террористӣ назири ДИИШ аз пайвастан ба онон ба ин созмонҳо ҷилавгирӣ кунад.

Хайриддин Абдулло ба далели ин фаъолиятҳо борҳо дар русия ҳадафи сӯиқасди гурӯҳҳои ифротӣ низ қарор гирифта буд, аммо дар ватанаш Тоҷикистон ба ифротигарӣ муттаҳам шуда ва 8 моҳ таҳти боздошт қарор доштааст.