Август 26, 2020 13:47 Asia/Dushanbe
  • Шиносоии 268 муштараки барқи мухталиф дар ноҳияи Бохтар

Аз оғози имсол бозрасони ширкати барқи Бохтар 268 муштараки мухталифро шиносоӣ карданд.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз сомонаи Фаррух, ин теъдод муштараки мухталиф, ки аз ноқилҳои баландшиддати ғайриқонунӣ гирифта буданд 231 ҳазор сомонӣ ҳам  ҷарима   шуданд.

Аҳлиддин Шарифзода муовини раиси ширкати барқи Бохтар гуфт: Тоҷикистон бо ҳадафи аслии худ барои дастёбӣ ба худкафоӣ дар тавлиди барқ наздик шудааст, аммо тахаллуфоти бархе аз муштаракон сабаби талаф шудани барқ мешавад.

Вай аз шаҳрвандон хост барои доштани зиндагии муносиб ва афзоиши тавони молии хонавода дар масрафи барқ сарфаҷӯӣ кунанд.