Август 26, 2020 20:00 Asia/Dushanbe
  • Қарзи 60 миллионсомонии давлати Тоҷикистон бобати маошу дастмузд

Ожонси давлатии омори Тоҷикистон мизони маошу дастмуздҳои батаъхирафтода дар ин кишварро 60 миллиону 600 ҳазор сомонӣ (муодили 5 миллиону 800 ҳазор доллар) эълом кард.

Ба гузориши сомонаи Ожонси давлатии омори Тоҷикистон, ин шохис дар нимаи нахусти имсол 23 миллиону 300 ҳазор сомонӣ афзоиш ёфтаву ба 60 миллиону 600 ҳазор сомонӣ расидааст.

Бештарин дастмуздҳои батаъхируфтода дар Тоҷикистони марбут ба бахшҳои иқтисодии ин кишвар ва муодили 48 миллиону 800 ҳазор сомонӣ аст, ки 18 миллиону 300 ҳазор сомонии он муаввақаи коргарони сохтмонсозӣ ва 14 миллиону 500 ҳазор сомонӣ саҳми филизоту маодин аст.

Ин дар ҳоле аст, ки миёнгини маошу дастмузд дар Тоҷикистон дар моҳи июни имсол ба ҳазору 447 сомонӣ (муодили 140 доллар) расидааст, ки дар муқоиса бо давраи мушобеҳи соли қабл 3. 4 дарсад коҳишро нишон медиҳад.

Бар ин асос, кишоварзон, муҳитбонон ва коргарони бахши моҳипарварӣ моҳона 523 сомонӣ (наздик ба 53 доллар ) маош дарёфт мекунанд, ки пойинтарин мизони маошу дастмузд дар Тоҷикистон ба ҳисоб меояд.

Аммо кормандони бонкҳову ниҳодҳои молӣ бо се ҳазору 170 сомонӣ (муодили 307 доллар) болотарин ҳуқуқи моҳонаро дарёфт мекунанд.

Мизони ҳаддиақали маошу дастмузди моҳона дар Тоҷикистон 400 сомонӣ эълом шудааст.

Бар асоси тасмими Ҳукумати Тоҷикистон, аз аввали моҳи сентябри имсол маоши кормандону бознишастагон дар ин кишвар 15 дарсад афзоиш меёбад.

 

Барчасп