Радди иддаои шиканҷаи руҳии Бузургмеҳр Ёров дар зиндон
(last modified Tue, 01 Sep 2020 14:10:27 GMT )
Сентябр 01, 2020 19:10 Asia/Dushanbe
  • Радди иддаои шиканҷаи руҳии Бузургмеҳр Ёров дар зиндон

Созмони зиндонҳои Тоҷикистон иддаои наздикони Бузургмеҳр Ёров, вазири ҳуқуқии ба 28 сол зиндон маҳкумшудаи тоҷикро дар бораи дар танҳоӣ қарор додани вай рад кард.

 Ба гузориши радиои тоҷикии Садоии Хуросон ба нақл аз сомонаи Топ Ти Ҷи , муовини раиси созмони зиндонҳои Тоҷикистон Илҳом Маҳмудов бо радди иддаои  бародари Бузургмеҳр  Ёров гуфтааст, ки ҳеч навъи фишору танҳо гузоштани ин вакили ҳуқуқи зиндонӣ дуруст нест. 
Ҷамшед Ёров бародари Бузургмеҳр  ахиран гуфта буд, ки мақомоти зиндони маҳалли нигаҳдории бародараш аз ҳамаи зиндониён хостаанд, ки бо вай салом ва гуфтугӯ накунанд то аз ин равиш барои ворид кардани фишори руҳӣ ва равонӣ ба ӯ истифода шавад .
Ҷамшед Ёоров муддаӣ аст, ки теъдоди зиёде аз зиндониён ба бародараш  гуфтаанд мудирият  зиндони онҳоро таҳдид кардааст, ки агар бо вай гуфтугӯ кунанд ба селлули инфиродӣ мунтақил хоҳанд шуд .
Ба гуфтаи Ҷамшед Ёров, аз бародараш  борҳо  хостаанд, ки алайҳи мухолифони ҳукумати Тоҷикистон дар хориҷ баёния диҳаду аз раиси Ҷумҳурии Тоҷикистон бихоҳад, ки вайро афв кунад. Аммо Бузургмеҳр мӯътақид аст, ки зиндонӣ кардани вай бидуни шавоҳиду мадорик  бо ангезаи сиёсӣ буда ва ӯ дархости афв нахоҳад кард .
 Бузургмеҳр Ёров моҳи сентябри соли 2015 пас аз қабули дифо аз ҳуқуқи аъзоӣ боздошт шудаи  ҳизби мамнӯшудаи наҳзати исломии Тоҷикистон ва таъсиси комитеи дифо аз онон боздошт шуду дар се ҷаласаи додгоҳ дар соли 2017 ба 28 сол  зиндон маҳкум шуд .
 Баъдан бар асоси қонуни афви умумӣ дар Тоҷикистон аз ҳукми вай шаш сол коста шуд .