Сентябр 01, 2020 20:51 Asia/Dushanbe
  • 52 парвоз барои хориҷ кардани атбои Тоҷикистон аз Русия

Вазорати умури хориҷаи Тоҷикистон аз барномарезӣ барои анҷоми 52 парвоз ба манзури хориҷ кардани шаҳрвандони кишвар аз Русия тайи ду ҳафтаи нахусти сентябр хабар дод.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои  Хуросон ба нақл аз сомонаи  Спутник , ин парвозҳоро ширкати ҳавопаймоии Сомон  Эйр дар ҳамоҳангӣ бо Вазорати ҳамлу нақли Русия  анҷом хоҳад дод .
Феҳристи афродеро, ки бояд бо ин парвозҳо аз Русия хориҷ карда шаванд , сафорату консулгариҳои Тоҷикистон дар Маскав ва дигар шаҳрҳои Русия таҳия кардаанд, ки авлавият бо беморон , занону кӯдакон ва афроди солхӯрда хоҳад буд .
Вазорати умури хориҷаи Тоҷикистон эълом кардааст, ки тамоми  атбои ин кишвар, ки бо ин парвозҳо аз Русия ба Тоҷикистон бармегарданд бояд бо худ гувоҳиномаи мубтало  набудан ба Ковид-19-ро дошта бошанд .
Ин гувоҳинома бояд чаҳор шабонарӯзи қабл аз парвоз дарёфт шавад .
Бо ин ҳол  кӯдакон то се сол  машмули ин муқаррарот намешаванд .