Истирдоди узви боздоштшудаи гурӯҳи 24 аз Русия ба Тоҷикистон
Намояндагони гурӯҳи мамнуъаи 24 дар Тоҷикистон аз истирдоди яке аз аъзои боздоштшудаи ин созмон аз Русия ба Душанбе хабар доданд.
Ба гузориши Садои Хуросон ба нақл аз сомонаи ахбори Осиёи марказӣ, онон эълом кардаанд, ки Шаҳобуддин Бадалов, ки кормандони полиси шаҳри Нижний Новгороди Русия рӯзи аввали сентябр вайро боздошт ва ба макони номаълум мунтақил карда буданд, ба Душанбе истирдод шудааст.
Вай дар соли 2019 аз Русия мақоми паноҳандагӣ дарёфт карда буд, аммо ахиран мақомоти полиси шаҳри Нижний Новгород ба ӯ эълом карда буданд, ки муддати паноҳндагии вай тамдид нахоҳад шуд.
Мушкилоти Шаҳобуддин Бадалов замоне оғоз шуд, ки вай моҳи июни имсол дар эътироз ба сафари раисҷумҳури Тоҷикистон ба Русия дастнавиштаеро алайҳи Эмомалӣ Раҳмон дар майдони марказии Маскав боло бурда буд, ки дар пайи он ба ҳамроҳи як нафари дигар аз аъзои гурӯҳи 24 боздошт ва ба 15 рӯз зиндон маҳкум шуд.
Намояндагони гурӯҳи 24 мегӯянд боздошти дубора ва истирдоди Бадалов ангезаи сиёсӣ дошта ва ба дархости мақомоти қазоии Тоҷикистон анҷом шудааст.
То ба ҳол мақомоти интизомии Русия ва Тоҷикистон дар бораи иллати боздошти ин узви гурӯҳи 24 изҳори назар накардаанд.
Додгоҳи олии Тоҷикистон дар соли 2014 фаъолияти гурӯҳи 24-ро ба унвони созмони ифротӣ мамнуъ кардааст.