Сентябр 04, 2020 22:04 Asia/Dushanbe
  • Тавсеаи новгони ҳавоии ширкати “Сомон Эйр” -и Тоҷикистон

Ширкати ҳавопаймоии “Сомон Эйр” новгони ҳавоии худро бо хариди як болгард аз Русия тавсеа дод.

Ба гузориши вебгоҳи “Сомон Эйр”, ин болгардро ширкати русии Улан Уд сохтааст.

Темур Бандишоеав, сухангӯи ширкати ҳавопаймоии “Сомон Эйр” гуфт, халабонони ширкати созанда, ин болгардро дар парвози Душанбе- Бадахшон -Душанбе дар остонаи навадушашумин солгарди таъсиси созмони ҳавопаймоии Тоҷикистон озмоиш карданд.

Ин болгард зарфияти ҳамли 24 мусофиру 4 тон бор дорад ва бидуни ниёз ба сӯхтзании дубора метавонад то масофати 800 километр парвоз кунад.