Куштигири тоҷик дар тасодуфи ронандагӣ дар Доғистони Русия маҷрӯҳ шуд.
https://parstoday.ir/tg/news/tajikistan-i57139-Куштигири_тоҷик_дар_тасодуфи_ронандагӣ_дар_Доғистони_Русия_маҷрӯҳ_шуд.
Муҳаммад Икромов, куштигири тоҷик, ки яке аз умедҳои ин варзиш барои ҳузур дар Олимпиадаи Токио аст, бар асари тасодуф бо як худрав ба шиддат маҷрӯҳ шуд.
(last modified 2025-10-08T05:00:18+00:00 )
Сентябр 05, 2020 04:44 Asia/Dushanbe
  • Куштигири тоҷик дар тасодуфи ронандагӣ дар Доғистони Русия маҷрӯҳ шуд.

Муҳаммад Икромов, куштигири тоҷик, ки яке аз умедҳои ин варзиш барои ҳузур дар Олимпиадаи Токио аст, бар асари тасодуф бо як худрав ба шиддат маҷрӯҳ шуд.

Икромов ба иллати шикастагии муҳраҳои сутуни фақарот дар ҳоли ҳозир дар бемористон бистарӣ аст ва бояд 2 моҳ зери назари пизишкон дармон шавад.

Ин кӯштигири тоҷик дар урдуи тамринии Доғистон тамрин мекард.

Ноиб қаҳрамонии Осиё дар вазни 61 килограм, аз ҷумлаи ифтихороти ин куштигири тоҷикистонӣ аст.