Сентябр 05, 2020 10:08 Asia/Dushanbe
  • Таътилии 13 ҳазор ширкати бахши хусусӣ дар Тоҷикистон

Бонки Ҷаҳонӣ аз таваққуфи фаъолияти 13 ҳазор ширкати бахши хусусӣ дар Тоҷикистон дар ҳаштмоҳи гузашта хабар дод.

Ба гузориши сомонаи Топ Тҷ, Бонки Ҷаҳонӣ мӯътақид аст, иллати умдаи таваққуфи фаъолияти ин ширкатҳо, дарёфти молиётҳои сангин аст.

Тоҷикистон бар асоси гузоришҳои соли 2019-и Бонки ҷаҳонӣ аз нигоҳи шароити тиҷорат дар миёни 190 кишвар дар ҷойгоҳи 183 ҷаҳон воқеъ шуда буд.

Бо ин ҳол Фаридун Ҳодизода, коршиноси масоили иқтисодӣ дар Тоҷикистон мӯътақид аст, ки молиёти сангин, мушкил будани сабти номи ширкатҳо, таҳқиқ ва тафтиши зиёд аз фаъолияти бахши хусусӣ, фасод ва ришвахорӣ, аз умда мавонеи рушди иқтисод ва тиҷорат дар ин кишвар аст.

Вай бар зарурати ислоҳи бунёдини қонуни молиёт дар Тоҷикистон таъкид мекунад.

Мақомоти ҳукуматӣ мегӯянд, ки тарҳи қонуни ҷадиди молиётро то поёни имсол таҳия ва барои тасвиб ба парлумон ироа хоҳанд кард.

Ҳарчанд Ҳодизода бар ин бовар аст, ки бидуни доштани барномаи шаффофи рушди иқтисодӣ, ҳатто қонуни ҷадиди молиёт низ кумаке ба ислоҳи ин вазъ нахоҳад кард.

 

Барчасп