Тавқифи се худрави дуздӣ дар роҳи интиқол ба Тоҷикистон
(last modified Sun, 06 Sep 2020 14:32:41 GMT )
Сентябр 06, 2020 19:32 Asia/Dushanbe
  • Тавқифи се худрави дуздӣ дар роҳи интиқол ба Тоҷикистон

Бо талоши кормандони гумруки Беларус ва Литва, се худрави дуздии гаронқимат, ки таҳти пайгарди полиси байналмиллал буд, дар роҳи интиқол ба Тоҷикистон тавқиф шуд.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз сомонаи Спутник, қочоқчиён талош карданд, ки ин се худравро ба шакли қитъаҳои ядакӣ аз Литва ба Беларус ва дар идома ба Тоҷикистон мунтақил созанд, ки шиносоӣ ва тавқиф шудаанд.

Гуфта мешавад, ки ду худрав аз навъи Lexus XR 450H, ки сохти соли 2017 ва як худрави Range Rover, ки сохти соли 2018 буданд ва таҳти пайгарди полиси байналмиллал қарор доштаанд, дар гузаргоҳи марзӣ байни ин ду кишвар шиносоӣ гардиданд, ки бар асоси асноди гумрукӣ мебоист ба Тоҷикистон мунтақил мешуд.

Ташхиси фаннии ин худравҳо нишон дод, ки баданаи мошинҳо ранг карда шуда ва шумораи матори он васоил низ дасткорӣ шудааст.

Ду сол қабл низ мақомоти полиси Ҷумҳурии Литва дар каронаи дарёи Балтика аз боздошти як гурӯҳи 10 нафар аз дуздони фаромиллии худравҳои олмонӣ, ки ба мақсади Тоҷикистон мунтақил мешуд, хабар доданд.

Ин мақомот гуфта буданд, ки аъзои ин гурӯҳ ба иттиҳоми дуздидани худравҳои гаронқимат "BMW" ва " Мерседес бенз" ва интиқоли ин васоил ба Тоҷикистон боздошт шудаанд.

Ин дар ҳоле аст, ки қаблан мақомоти интизомии Тоҷикистон гуфта буданд бар асоси дархости полиси Олмон 100 худрави дуздӣ аз кишварҳои аврупоиро, ки ба Душанбе мунтақил шуда буд, шиносоӣ ва мусодира кардаанд.

Коршиносон муътақиданд ба далели набуди имкони ташхиси дуздӣ будани худравҳои хориҷӣ дар Тоҷикистон дуздон ва қочоқчиён, ин кишварро мақсади фурӯши ин васоил қарор медиҳанд.