Тавсияи Вазорати умури хориҷаи Амрико ба шаҳрвандони худ: Ба Тоҷикистон сафар накунед
(last modified Mon, 07 Sep 2020 05:14:44 GMT )
Сентябр 07, 2020 10:14 Asia/Dushanbe
  • Тавсияи Вазорати умури хориҷаи Амрико ба шаҳрвандони худ: Ба Тоҷикистон сафар накунед

Вазорати умури хориҷаи Амрико аз шаҳрвандони хеш хост ба далели густариши вируси корона ва таҳдидҳои террористӣ ба Тоҷикистон сафар накунанд.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз сомонаи ТопТҶ, дар баёнияи Вазорати умури хориҷаи Амрико, ки ахиран мунташир шуд аз шаҳрвандони амрикоӣ дархост шуда, ки ба далели густариши вируси корона ва эҳтимоли вуқуъи ҳамалоти террористӣ ба ҷуз мавридҳои изтирорӣ, аз сафар ба Тоҷикистон худдорӣ кунанд.

Ин баёния бар мабнои гузориши маркази пешгирии бемориҳои Амрико таҳия шуда, ки Тоҷикистонро дар радифи кишварҳои дорои риски боло барои олуда шудан ба КОВИД-19 қарор додааст.

Ҳамчунин аз шаҳрвандони амрикоии дорои алоими бемориҳои музмин хоста шуда, ки сафари хеш ба Тоҷикистонро ба замони дигар мукул кунанд.

Дар бахш дигаре аз баёнияи Вазорати умури хориҷаи Амрико таъкид шудааст: Террористҳо мумкин аст ба гардишгарони дучархасавори хориҷӣ ҳамла кунанд, ки эҳтимоли ин иттифоқ дар ресторанҳо, бошгоҳҳо, мактабҳо ва минтақаҳои тафреҳии бештар мебошад.

Зоҳиран ин ишора ба ҳамлаи террористӣ ба гурӯҳе аз гардишгарони дучархасавори хориҷӣ дар ноҳияи Данғара вилояти Хатлон аст, ки рӯзи 29 июли соли 2018 рух дод.

Аз чаҳор куштаи ин ҳодиса, ки гурӯҳи такфирии ДОИШ масъулияти ин ҳамларо бар уҳда гирифт ду нафар амрикоӣ буданд.