Сентябр 07, 2020 12:06 Asia/Dushanbe
  • Тоҷикистон содироти барқ ба Афғонистонро аз сар гирифт

Сухангӯи ширкати давлатии Барқи тоҷик аз оғози дубораи содироти барқи Тоҷикистон ба Афғонистон хабар дод.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз сомонаи Авеста, Нозир Ёдгорӣ гуфтааст, ки дар рӯзҳои ахир бо афзоиши вуруди об ба садди неругоҳи Норак баландии оби пушти сад ба 300 метр расид ва акнун заминаи содироти як миллиону 300 ҳазор киловат соат барқ ба Афғонистон дар ҳар шабонарӯз фароҳам гардид.

Ин дар ҳоле аст, ки қабл аз қатъи содироти барқи Тоҷикистон ба Афғонистон то моҳи июли имсол ин шохис ҳашт миллион киловат соат дар шабонарӯз буд.

Ҳукумати Тоҷикистон рӯзи 10 июли имсол бо интишори паёме эълом кард, ки ба далели коҳиши бориш дар фаслҳои тирамоҳ ва замистони гузашта мизони об дар ду рӯдхонаи Панҷ ва Вахш 50 дарсад коҳиш ёфтааст ва мақомоти ширкати Барқи тоҷик маҷбур шуданд содироти барқ ба Узбакистон ва Афғонистонро ба рағми тааҳҳудоти қаблии хеш қатъ кунанд.

Дар Тоҷикистон ҳамасола 20 миллиард киловат соат барқ тавлид мешавад, ки ниме аз онро бахши хонагӣ масраф мекунад.

 

Барчасп