Сентябр 08, 2020 20:20 Asia/Dushanbe
  • Ҳамкории низомии меҳвари дидори вузарои дифои Тоҷикистон ва Ҳинд дар Маскав

Вазири дифои Тоҷикистон ва Ҳинд дар дидоре мавзӯи ҳамкориҳои низомии байни ду кишварро баррасӣ карданд.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои  Хуросон ба нақл аз хабаргузории Форс , Шералӣ Мирзо вазири дифои Тоҷикистон ва Раҷнас Сингҳ Rajnath Singh вазири дифои Ҳинд дар ҳошияи нишасти вазирони дифои кишварҳои узви Созмони Ҳамкории Шанхай дар Маскав дидор ва гуфтугӯ карданд .
Сафири Ҳинд дар Твиттери худ ин мулоқотро фавқулодда пурбор унвон карду навишт : дар ин дидор  доманаи васъе  аз ҳамкориҳои дифоии байни ду кишвар  баҳсу баррасӣ шудааст .
Вай ҳамчунин изҳор дошт Ҳинд ва Тоҷикистон аз ибтидои равобити дӯстона ва илова бар таъомулоти дуҷонибаи тиҷорӣ ҳамчунин ҳамкориҳои фарҳангӣ , иртибототи стратегӣ ва низомӣ бо якдигар доштанд .
Деҳлии нав дар солҳои ахир дар тақвияти артиши Тоҷикистон ва мусаллаҳ кардани он ба ин кишвар кӯмак кардааст .
Фурудгоҳи низомии Айнӣ дар ҳумаи шаҳри Душанберо Ҳинд бо ҳазинаи беш аз 70 миллион доллар  таъмиру навсозӣ кардааст .
Ҳинд ҳамчунин 35 донишомӯзи низомӣ ва 67 афсари ҷавони тоҷикро дар пойгоҳҳои омӯзишии худ омӯзиш додааст .