Сентябр 09, 2020 19:27 Asia/Dushanbe
  • Омӯзиш ва дармони ройгон: Ваъдаи номзади Ҳизби коммунисти Тоҷикистон

Номзади Ҳизби коммунисти Тоҷикистон ройгон кардани бахшҳои омӯзиш ва дармонро дар сурати пирӯзӣ дар интихоботи раёсатҷумҳурии 11 октябр ваъда дод.

Ба гузориши сомонаи “Спутник”, Меъроҷ Абдуллоев дар ташреҳи барномаи интихоботии худ гуфтааст, ки хадамоти дармонӣ ва омӯзишӣ дар Тоҷикистон бояд комилан ройгон шавад.

Вай вогузории корхонаҳо ва марокизи тавлидӣ ба бахши хусусӣ дар Тоҷикистонро иштибоҳ унвон карда ва гуфтааст, ки то кунун ин таъсисот фаъолияти чандоне надоштаанд ва бояд дар ин замина таҷдиди назар шавад.

Аз дидгоҳи коммунисти шумораи яки Тоҷикистон, бояд таъмини сӯхт, куди кимиёӣ (нуриҳои минералӣ), мошинолоти кишоварзӣ ва қисмҳои эҳтиётии ин таҷҳизот дар инҳисори давлат қарор гирад ва ҳар навъ восита ва даллол дар ин замина ҳазф шавад.

Вай яке аз шиорҳои таблиғотии хешро “касби рӯзии ҳалол” унвон карда, хостори расидагии ҷиддӣ ба вазъи ақшори фақир, маълул ва бесарпараст дар ҷомеа шудааст.

 

Барчасп