Дидори раиси Кумитаи амнияти миллии Тоҷикистон бо вазири дифои Афғонистон
Сентябр 11, 2020 19:15 Asia/Dushanbe
Раиси Кумитаи амнияти миллии Тоҷикистон ва вазири дифои Афғонистон дидор ва дар хусуси ҳамкориҳои миёни ду кишвар гуфтугӯ карданд.
Ба гузориши “Форс”, Сайидмуъмин Ятимов, раиси Кумитаи амнияти миллии Тоҷикистон бо Асадуллоҳ Холид, вазири дифои Афғонистон дар Кобул мулоқот кард.
Бар асоси иттилоияи маркази матбуотии Вазорати дифои Афғонистон, тарафайн тайи ин дидор ҳамкориҳои марзӣ, мубориза бо терроризм ва раванди сулҳи Афғонистонро мавриди баҳсу баррасӣ қарор доданд.
Вазири дифои Афғонистон тайи ин дидор аз тарафи тоҷик барои ҳамкорӣ бо ин кишвар дар заминаҳои мухталиф ибрози ташаккур кард ва хостори ҳамкориҳои густурда байни Кобул ва Душанбе шуд.