Барои интиқоли шаҳрвандони Тоҷикистон аз Русия рӯзона ба 10 парвоз ниёз аст
Сафири Тоҷикистон дар Маскав эълом кард, ки ба далели густариши вируси корона ва бекор шудани теъдоди зиёде аз коргарони муҳоҷири тоҷик барои бозгардонидани онон ба кишварашон рӯзона ба 10 парвоз ниёз аст, ки амалан ғайримумкин мебошад.
Ба гузориши сомонаи “Спутник”, Имомуддин Сатторов бо ишора ба шикоёти зиёди шаҳрвандони Тоҷикистон, ки ба далели бекор шудан дар Русия дар пайи густариши вируси корона, ки қасди баргашт ба кишвари хешро доранд, гуфтааст, дар ҳоли ҳозир танҳо аз тариқи парвозҳои чартерӣ ин имкон вуҷуд дорад, ки назар ба тақозои зиёд ночиз мебошад.
Вай таъкид кардааст, дар оянда бо беҳбуди авзоъ ва коҳиши хатароти густариши вируси корона дар Русия ва Тоҷикистон, заминаи афзоиши парвози ҳавопаймоҳо миёни ин ду кишвар ва интиқоли мутақозиён фароҳам хоҳад шуд, аммо акнун ду ширкати ҳавопаймоии русӣ ва ду ширкати тоҷикистонӣ ҳар ҳафта бо анҷоми парвозҳои чартерӣ теъдоди зиёде аз коргарони муҳоҷири бекоршудаи тоҷик ва аъзои хонаводаҳои ононро ба Тоҷикистон мунтақил мекунанд.
Ин дар ҳоле аст, ки сафари шаҳрвандони Тоҷикистон аз масири заминии Русия ба Қазоқистон низ ба далели баста шудани марзҳои ин ду кишвар мамнуъ шудааст.