Сентябр 13, 2020 20:11 Asia/Dushanbe
  • Баҳрабардорӣ аз лоиҳаҳои рушд бо ҳузури Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Зафаробод

Раиси Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ба ноҳияи Зафарободи вилояти Суғд рафтааст, имрӯз якчанд лоиҳаҳои саноатӣ, хидматрасонӣ ва тандурустиро дар минтақа ифтитоҳ кард.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз дафтари матбуотии раёсати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Эмомалӣ Раҳмон субҳи имрӯз пас аз вуруд ба ноҳияи Зафаробод аз корхонаи истеҳсоли шир, ки бо сармоягузории Наврӯз Комилов як фаъоли бахши хусусӣ сохта шудааст, баҳрабардорӣ кард.

Бо фаъолияти ин корхона заминаи истеҳсоли 300 тонна маҳсулоти ширӣ дар моҳ ва фаъолияти 30 нафар фароҳам шуд.

Ҳамчунин бо ҳузури Эмомалӣ Раҳмон маркази дармонии ҷадид, ки бо ҳазинаи як миллион сомонӣ фаъоли бахши хусусии ин минтақа Абдусамад Нурмуҳаммедов кушоиш ёфт.

Дар беморхона шӯъбаҳои стоматология, педиатрия, акушерӣ, рентгенология ва лаборатория мавҷуданд, ки 20 нафар табибон ва ҳамшираҳои тиббиро бо кор таъмин карданд.

Раиси Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчунин маркази тиҷории Ваҳдатро, ки бо кӯмаки молии Дилшод Раҳматуллоев, фаъоли бахши хусусии ноҳияи Зафаробод сохта шудааст, ифтитоҳ кард.

 

Эмомалӣ Раҳмон ҳамчунин ба ҳузур дар ширкати кишоварзии мавсум бо номи "Жасур" бо ифтитоҳи фабрикаи парранда бардошти пахтаро низ оғоз кард.

Барчасп