Бозгардондани беш аз 160 шаҳрвандони Тоҷикистон аз Қазоқистон
(last modified Mon, 14 Sep 2020 14:44:33 GMT )
Сентябр 14, 2020 19:44 Asia/Dushanbe
  • Бозгардондани беш аз 160 шаҳрвандони Тоҷикистон аз Қазоқистон

Мақомоти Тоҷикистон аз бозгашти 164 шаҳрвандони ин кишвар аз Қазоқистон хабар дод.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои  Хуросон ба нақл аз сомонаи Спутник , ин афрод, ки бо баста шудани марзи муштараки заминии Қазоқистон ва Ӯзбекистон ба иллати шуйюи корона саргардон шуда буданд, бо парвози вижаи ширкати ҳавопаймоии Сомон  Эйр аз Қазоқистон ба Душанбе мунтақил шуданд .
Ширкати ҳавопаймоии Сомон  Эйр дар моҳҳои июн то сентябр низ бо анҷоми чаҳор парвози чартерӣ наздик ба 800 тоҷикистониро аз Қазоқистон ба кишварашон мунтақил кард .
Ин дарҳоле аст, ки қаблан бо мусоидати Созмони байналмилалии муҳоҷират беш аз ҳазору 800 коргари муҳоҷири тоҷик дар Русия, ки бар асари густариши вируси корона  кори худро аз даст дода буданд аз тариқи масири заминӣ аз Қазоқистон ва Ӯзбекистон ба шимоли Тоҷикистон мунтақил шудаанд .
Бо густариши вируси корона  мақомоти Ӯзбекистону Қазоқистон аз рӯзи 16 март марзҳои заминии худро, ки роҳи муҳими сафари атбои тоҷик ба Русия маҳсуб мешавад бастаанд  .